• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • (Видео) Ошкорёбии якчанд далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани ойинаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиш
(Видео) Ошкорёбии якчанд далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани ойинаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиш

(Видео) Ошкорёбии якчанд далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани ойинаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиш

  Мувофиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаи нақлиёт бо ойинаи сиёҳкардашуда, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳатмист. Вале мутаассифона баъзе аз ронандагону соҳибмулкони воситаҳои нақлиёте ҳастанд, ки талаботи ҳатмии муқаррароти қонунҳои амалкунандаро риоя накарда, ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд.
  Кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирии ин ва дигар намуди қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ пайваста дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиётҳои профидактикӣ доир мекунанд.


  Ин навбат, дар натиҷаи баргузории як амалиёт як чанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани ойинаҳои воситаҳои нақлиёт ошкор карда шуд. Чуноне дар рафти амалиёт ошкор гардид аксар он нафароне, ки ба чунин қонуншиканӣ роҳ додаанд, соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ё ба қавле «крутой» мебошанд. Нисбати соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт бо моддаи 330 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол карда шуданд.
Аз ҷумла, нисбати ронандагони зерин;

Абдураҳмон Заминалӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-ровер, аломати қайди давлатиаш 0002 МЕ 01;

Раҷабов Юсуфҷон Ҳасанович, ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-ровер, аломати қайди давлатиаш 1000 ЕА 02;

 

Хоҷаева Шаҳноза Анваровна, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, аломати қайди давлатиаш 0700 LL 07;

Нуров Фирӯз Абдураҳимоч, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, аломати қайди давлатиаш 0007 МО 01;


Муборакшоев Сино Меҳробшоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо, аломати қайди давлатиаш 202 ХА 04;

Исмоилов Ҳоҷибой, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайта-Кемри, аломати қайди давлатиаш 0808 АА 01;

Абдураҳмонов Саидбек Сайнуриддинович, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайта-Кемри, аломати қайди давлатиаш 8073 НА 01;

Анзейн Георес, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота рав-4, аломати қайди давлатиаш 1210 АА 01;

Табаров Фирӯз Тағоймуродович, ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети, аломати қайди давлатиаш 4647 ЕЕ 01;

Расулов Абубакр Шамсович, ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, аломати қайди давлатиаш 2781 РВ 01;

Одинаев Сайхуҷа Маҳмадхоҷаевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, аломати қайди давлатиаш 5111 ВН 01;

Азимов Баракатулло Муртазоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо, аломати қайди давлатиаш н 772 ух 38 рус;


Моддаи 330. Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост
1. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, инчунин идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ,-
ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ,-
ба андозаи яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост,-
ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. «қҷт 09.01.2010 №577»

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin