9-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4235 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 9 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 14 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 3 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 23 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 172 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 22 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 11 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 55 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 68 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 122 адад;
-Вазъияти хавфнок – 15 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 188 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 835 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2693 адад;

  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе ронандагоне, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гироифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 9 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инҳо:

Одинаев Фирӯз Азизович – ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайди давлатиаш 0888 YY 01

Ҳасанов Дилшод Файзиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи КИА, рақами қайди давлатиаш 3051 АМ 01

Ахмадуллини Камил Рамилович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9406 JJ 01

Алиҷони Ҳабибулло Абдуллозода – ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21-012, рақами қайди давлатиаш 4295 DD 08

Вазиров Раҷӣ Шералиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 7904 ТТ 05

Мирзоахмадов Мақсуд Шомаҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0504 OD 01

Пулатов Ҷамшед Ҳомидҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 0095 ВВ 01

Сафаров Фирдавс Ҳокимхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21-010, рақами қайди давлатиаш В5235Н 03

Авалмуротов Ҳусейн Халилович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 0068 ТТ 05

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin