Ҷаримабандии ронандагон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон

Ҷаримабандии ронандагон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон

  Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бартараф намудани тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
  Дар ин самт шаҳрвандон низ худро бетараф наҳисобида, қоидавайронкуниҳои дағали ронандагонро ба новор ва аксбардорӣ намуда, ҷиҳати чораҷуӣ ба унвонии раёсат мефиристанд.   Ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати бевоситаи роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор дошта, мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, нисбати ронандагон тамоми чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
  Аз ҷумла як қатор истифодабарандагони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати ронандагони онҳо чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Баъди ирсоли расми қоидавайронкунӣ ронандагони зерин аз ҷониби ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуданд, ки қоидавайронкунии онҳо аз рӯйи аксҳои фиристодашуда, исботи худро ёфтаанд.
  Вобаста ба ин нисбати ҳар камоме аз онҳо мувофиқи қоидавайронкуниашон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла нисбати ронандагони зерин:

Рафиев Муҳаммадрасул Абдулманнонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 1111 YY 07;

Изатуллоев Дилшод Некқадамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус-450, рақами қайди давлатиаш 5555 КВ 01;

Мустафоев Аслиддин Саидакбарович – ронандаи автомашинаи тамғаи Кия, рақами қайди давлатиаш 1996 РЕ 01;

Ашуров Фирдавс Файзуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 9795 РР 01;

Аҳмадов Джайлов Кучкарович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай-Элантра, рақами қайди давлатиаш 177 ZС 01;

Эмомов Ҳотамшоҳ Маҳмадшоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо, рақами қайди давлатиаш 4800 СС 01;

Давлатов Кароматулло Ашуралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 6167 НА 01;

Исломов Иброҳимҷон Истамҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5455 НР 01;

Зоиров Бежан Сафарбекович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, рақами қайди давлатиаш 4581 ТТ 05;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin