Ҷаримабандии ронандаи фирорӣ барои шикастани дарахтони ороишӣ

Ҷаримабандии ронандаи фирорӣ барои шикастани дарахтони ороишӣ

  Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони гаронарзиши аз хориҷи кишвар воридгардида ба симои пойтахт ҳусни дигар зам намудааст.
  Мутаассифона дар ин раванд, баъзе аз шаҳрвандон махсусан баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, дар баробари вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳамзамон нисбати ин зебоиҳо хунукназарона рафтор мекунанд.
  Мавриди зикр аст, ки санаи 12-уми январи соли ҷорӣ тахминан соати 09:20 дақиқа ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ аз самти кӯчаи Саид Носир ба самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ дар зери пули кӯчаи И. Сомонӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқомобили самти ҳаракати роҳ баромада, дар қисми кабудизоршудаи байни роҳи автомобилгард 2-адад дарахтони ороишии бо номи «Сирена»-ро шакаста, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.


  Автомашинаи мазкур дар кофтуков эълон гардид. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ин амал аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ рақами қайди давлатиаш 2002 RS 01 шаҳрванд Исмоилов Мустафо Шамсуллоевич, соли таваллудаш 1999 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Бухоро содир намудааст.
  Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда вазифадор карда шуд, ки зарари расонидашударо барқарор намояд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin