• Home »
  • ХАБАР »
  • Тақаллубкорӣ зимни хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ
Тақаллубкорӣ зимни хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ

Тақаллубкорӣ зимни хариду фурӯши хонаи истиқоматӣ

  Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 39-солаи сокини шаҳри Панҷакентро, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 

  Номбурда, рӯзи 11-уми июни соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии марди 69-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 27 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш хона гирифта ба ӯ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки номбурда хонаи истиқоматии мазкурро ба шахси дигар, марди 34-солаи сокини пойтахт ба маблағи 210.000 сомонӣ фурӯхтааст.
  Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin