• Home »
  • ХАБАР »
  • Дар ҷараёни амалиёти «Корд» дастгир шудани 2-нафар бо гумони 7-лаҳзаи ҷиноят
Дар ҷараёни амалиёти «Корд» дастгир шудани 2-нафар бо гумони 7-лаҳзаи ҷиноят

Дар ҷараёни амалиёти «Корд» дастгир шудани 2-нафар бо гумони 7-лаҳзаи ҷиноят

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории рейду амалиётҳои пешгирикунанда, мутаассифона ҳанӯз ҳам баъзе нафароне ҳастанд, ки пайроҳаи доғдоркунандаи ҷиноятиро пеша намуда, пайваста даст ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ мезананд.
  Маҳз ба хотири пешгирии чунин амалу кирдорҳои номатлуб ва содиршавии ҷиноят бо истифода аз силоҳи сард махсусан корд, бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартии бо номи «Корд» роҳандозӣ карда шудаистодааст.
  Дар доираи ин амалиёт шаҳрванд Назаров Муҳаммадҷон Акбарович, соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навобод дастгир карда шуд, ки номбурда бо худ корд мегардонд. Дар натиҷаи санҷиш ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда қаблан пайроҳаи доғдоркунандаи ҷиноятӣ дошта, пеш бо ҷурми дуздӣ суд шудааст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда бо ҳамроҳии шаҳрванд Маҳмудов Умед Сарабекович, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунанди кӯчаи Ломоносови шаҳри Душанбе, бо маслиҳати пешакӣ бо истифода аз корд даст ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо аз ҷумла ҷиноятҳои роҳзаниву ғоратгарӣ задаанд.


  Зимни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ошкор карда шуд, ки онҳо санаи 30-юми октябри соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо истифода аз корд шаҳрванд Раҷабов Шаҳбоз соли таваллудаш 1998-ро таҳдид намуда, аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Хонор-Лайф», ки 2100-сомонӣ арзиш дорад, тасарруф кардаанд.
  Инчунин худи ҳамон рӯз гумонбаршудагон, ҳангоми дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе қарор доштанашон, шаҳрванд Ризоён Шералӣ соли таваллудаш 1986-ро бе ягон асос дашномҳои қабеҳ намуда, ба таври ошкоро телефонии мобилияш тамғаи «Редми-6»-ро, ки 1250-сомонӣ арзиш доштааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
  Номбурдагон дар содир намудани 5-ҳолати дуздӣ ва 2-ҳолати ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста шуда, барои муайян намудани ҳолатҳои дигари ҷиноят содир намуаи онҳо корҳои фаврӣ тафтишотӣ ҷараён дорад.
  Айни замон нисбати гумонбаршавандагон Назаров Муҳаммадҷон ва Маҳмудов Умед Сарабекович тибқи талаботи моддаҳои 248 (Ғоратгарӣ) ва 244 (Дуздӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Расати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin