Амалиёти БДА: Пешгирии ифлосшавии кӯчаву роҳҳо пойтахт

Амалиёти БДА: Пешгирии ифлосшавии кӯчаву роҳҳо пойтахт

  Тайи 3 соли охир бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор лоиҳаҳои таъмиру таҷдид ва азнавсозии кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе, ки фаъолияти бехатар ва ботаҳкими системаи нақлиётиро дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт таъмин менамояд амалӣ гаштаистодаанд. Дар баробари ин баъзе омилҳое вуҷуд доранд, ки ба бармаҳал вайроншавии кӯчаву роҳҳо ва косташавии онҳо мусоидат менамоянд.
  Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайроншавии бармаҳал ва косташавии ҳусни кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, ифлосшавии муҳити зист, пешгирии истифодабарии воситаҳои нақлиёти боркашонии бо намуди зоҳирии ифлос, тибқи нақшаи таҳиягардидаи Раёсати Вазорати корҳои дохилдӣ дар шаҳри Душанбе дар панҷ нуқтаҳои хиёбону кӯчаҳои пойтахт шурӯъ аз 20-уми январи соли ҷорӣ то ин ҷониб чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шудаистодааст. Зимни чорабинии мазкур дар маҷмӯъ нисбати 134 ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ вобаста ба ифлос намудани муҳити зист протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардиданд.
Аз ҷумла:
-Кашонидани борҳои пошхӯранда ва бе пардаҳои ҳимоявӣ 45-далел;
-Истифодабарии воситаҳои нақлиёти ифлоси боркашонӣ 49-далел;
-Ифлос намудани қисми мошингарди роҳ бо салачархҳои лойолуд 10-далел;
-Бе иҷозатномаи ваколатдори давлатӣ фаъолият намудан ва риоя накардани шарту шароитҳои иҷозатномадиҳӣ 10-далел;
-Идора намудани воситаҳои нақлиёти боркашонӣ бе рақамҳои қайди давлатӣ 10-далел;
-Идора намудани воситаҳои нақлиёти боркашонӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ 3-далел;
-Итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ ба талаботи қонунии кормандони БДА 4-далел;
-Нагузаштан аз муоинаи солонаи техникӣ 2-далел;
-Риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин, ки ба вайроншавии бармаҳали роҳҳои мошингард оварда мерасонад 2-далел;
Ҳангоми баргузории санҷиши мазкур нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти зерин, барои роҳ додан ба чунин қоидавайронкуниҳо чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд;

Давлатов Гулмурод Давлатмуродович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хова», аломати қайди давлатияш 962 ХК01

Деҳқонов Ҷаҳонназар Мавлонназарович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Стар-Стат», аломати қайди давлатияш 407 ХА 04


Охбоев Маъруфҷон, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», бе аломати қайди давлатӣ

Қурбонов Ҷумахон Рустамович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хово», аломати қайди давлатияш 379 ХН 01

Мирзоев Убайдулло Ҷунайдуллоевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», аломати қайди давлатияш 394 ХМ01

Оев Раҳмуддин, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», аломати қайди давлатияш 2699 НН07

Сатторов Эраҷ Баҳромович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «SHACMAN», аломати қайди давлатияш 417 ZЕ 01

Холмуминов Алишер, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз», аломати қайди давлатияш 9459 ЕЕ01

Гулов Садриддин Рабиевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз», аломати қайди давлатияш 3663 DD07

Қурбонов Тағоймурод Ҳафизович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», аломати қайди давлатияш 420 ХЕ01

Ҳакимов Умедҷон Файзалиевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «SHACMAN», аломати қайди давлатияш 360 ZP 01


Алиев Бозор Валиевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Экскватор», аломати қайди давлатияш 3993 ТА01

Аҳмадуллоев Фаррух Аҳмадуллоевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», аломати қайди давлатияш 7733 СТ01

Бердиев Маҳмадулло Абдуллоевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», аломати қайди давлатияш 329 ХВ07

Абдуллоев Умед Салоҳиддинович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «SHACMAN», аломати қайди давлатияш 816 ХМ01

Юсупов Убайдулло Мамасолиевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатияш 1962 DD01

  Илова бар ин ба роҳбарони ҶДММ «Бухоро палас» воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ барои ифлос намудани қисми мошингарди роҳи кӯчаи С. Айнӣ, Маркази гармидиҳии-2 дар шаҳри Душанбе воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва ҶДММ «Хуррамшаҳ» воқеъ дар кӯчаи Аҳрорӣ барои ифлос намудани қисми мошингарди роҳи автомобилгарди кӯчаҳои С. Айнӣ ва Сомонӣ амрномаҳои мақомоти давлатии БДА супорида шуданд.
  Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ новобаста аз шакли моликияташон, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеи сохтмонӣ ҳамаҷониба талаботҳои меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд. Чорабиниҳои мақсаднок мунтазам дар кӯчаҳои пойтахт гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin