• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳкими ҳамкории нозири минтақавӣ бо фаъолону аҳли ҷомеа
Таҳкими ҳамкории нозири минтақавӣ бо  фаъолону аҳли  ҷомеа

Таҳкими ҳамкории нозири минтақавӣ бо фаъолону аҳли ҷомеа

  Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва робитаи зичи аҳолӣ бо мақомоти милитсия дар МТМУ №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мулоқот ва суҳбати озоду ошкоро баргузор гардид. Дар он муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ полковники милитсия Назарзода Икромҷон Ҳурматулло, нозирони минтақавии милитсияи Минтақаи хизматии №1 ШВКД дар ноҳияи мазкур, фаъолону роҳбарони МТМУ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва эмомхатибон ширкат намуданд.
  Нахуст муовини аввали Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Дадабойзода Ҳ. П. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти милитсия бо фаъолияти шабонарӯзӣ аз ӯҳдаи пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба хубӣ мебарояд, ки ин пеш аз ҳама аз ҳамбастагӣ ва робитаи судманд ва бовариву эътимоди мардум ба милитсия сарчашма мегирад.


  Номбурда зимни суханронӣ ба ҳозирин «Дастури методӣ», ки барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия таҳия шудааст, нуктаҳои муҳимми онро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуд, ки минбаъд нозири минтақавӣ бо истифода аз он метавонад, дар фаъолияти хизматӣ ба нофаҳмиҳо роҳ надиҳад. Тавре Дадабойзода Ҳ. иброз дошт, «Дастури методӣ»-и мазкур тамоми самтҳои фаъолияти нозирони минтақавиро дарбар гирифта, як дастурмал ва раҳнамо барои ҳар як корманди бахши хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад.
  Дар рафти вохурӣ Дадабойзода Ҳ. омӯзгорону аҳли ҷомеъаро ба ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва пешгирии амалу кирдорҳои наматлуб дар ҷомеа даъват намуда, таъкид дошт, ки ҳамеша бояд фаъолони ҷомеа бо кормандони милитсия махсусан нозирони минтақавии милитсия дар алоқаи зич бошанд, зеро тибқи таҳлилҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон пешири роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлубро гирифт.


  Дар идомаи суханронии худ номбурда иброз намуд, ки имрӯз бо дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, нозирони минтақавии милитсия бо шароитҳои хуби хизматӣ таъмин карда шудаанд, ки ин бевосита ба беҳтар гардидани фаъолияти оперативӣ-хизматии нозирони минтақавӣ дар минтақаи хизматӣ оварда расонидааст.
  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур Дадабойзода Ҳ.П. таъкид намуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҳар як нафар корманди милитсия ба хусус нозирони минтақавии милитсияи пойтахт масъулияти баланди касбиро талаб менамояд. Зеро сол то сол шумораи сайёҳон ва гардишгарони хориҷӣ ба кишвари мо зиёд ташриф меоваранд, ки ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва амнияти онҳо пеш аз ҳама муносибати хуб ва фаъолияти баланди оперативӣ-хизматиро аз нозирони минтақавии милитсия талаб карда мешавад. Вобаста ба ин ба нозирони минтақавӣ дастур дода шуд, ки минтақаи хизматии худро ҳаме зери назорати оператӣ қарор дода, нагузоранд то ашхоси бегонаву ношинос ва нафарони шубҳаовар ҷой гирифта вазъи тартиботро халалдор созанд.


  Дар идомаи мулоқоти мазкур Додабойзода сокинону фаъолонро ба ҳамкории зич даъват намуда ҳамзамон аз нозирони минтақавии милитсияро талаб карда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва фаъолияти хизматӣ паи омӯзиш ва такмили донишу малакаи хизматии худ кӯшиш намоянд.
  Дар охири ҷаласа ба хотири беҳтар гардидани фаъолияти нозирони минтақавӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, инчунин робитаи наздики шаҳрвандон бо милитсия як қатор сокинон суханронӣ намуда таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin