• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи беш аз 46 000 дона маводҳои тарфгарӣ
Мусодираи беш аз 46 000 дона маводҳои тарфгарӣ

Мусодираи беш аз 46 000 дона маводҳои тарфгарӣ

  Гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар хариду фуруш ва истеҳсолу паҳн намудани маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) манъ гардида бошад, ҳам бо омад омади Соли нави мелодӣ садои гушхароши он дар кӯчаву дигар маконҳо шунида мешавад.
  Мутаассифона баъзе аз тоҷирону савдогароне ҳастанд, ки манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ба хотири ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тарфгариро ворид намуда, ба фурушу паҳнсозии он машғул мешаванд.
  Вобаста ба ин милитсияи пойтахт тамоми чораҳоро меандешад, то пеши роҳи онро гирифта, осоиштаҳолии сокинону меҳмонони пойтахт таъмин гардад.
  Давоми як рӯзи охир милитсияи пойтахт дар 2-ҳолат 46 000 дона маводҳои тарфгариро дарёфту мусодира намуд.


  Аз ҷумла дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар терминали мусофиркашонии Душанбе-Хуҷанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, шаҳрванд Исмоилов Ибодулло Исрофилович, соли таваллудаш 23. 04. 1991, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Гафурови вилояти Суғд бо гумони муомилоти маводҳои тарфгарӣ боздошт карда шуд. Зимни азназаргузаронии автомашинаи ӯ тамғаи «Мерседес-Спринтер» рақами қайди давлатиаш 1270 ТТ 06, аз пинҳонгоҳи махсус миқдори зиёди маводҳои тарфгарӣ дарёфту мусодира карда шуд, ки мувофиқи ташхис навъи «Хлопушка» бо номи «Трения» буда, 28-ҳазор донаро ташкил медиҳад.


  Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда ин миқдор маводҳои пиратехникиро аз ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ба хотири фурӯш ва ба даст овардани маблағ ба таври ғайриқонунӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода, мехост ба фазои ороми пойтахти кившар халал ворид намояд.
  Дар ҳолати дигар кормандони милитсияи пойтахт ноболиғ Абдуллоев Шаҳром Зайдуллоевич, соли таваллудаш 16. 01. 2004, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи С.Айни, хонандаи синфи 10-и МТМУ № 21-ро дастгир намуданд, ки номбурда низ ба фурӯши маводҳои тарфгарӣ машғул буд. Аз ӯ ба миқдори 18 000 дона маводи тарфгарӣ бо номи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин миқдор маводи тарфгариро бобояш шаҳрванд Салибов Абдулазиз аз шаҳри Хуҷанд барои дар оянда фурухтан ба шаҳри Душанбе ирсол намудааст.
  Маврид ба зикр аст, ки истифодаи чунин воситаҳои тарканда, дар баробари халалдор сохтани осоиштагӣ ҳамзамон ба саломатии шаҳрвандон хатарнок мебошад, зеро воқеаву ҳодисаҳои зиёде далели ин гуфтаҳост.
  Айни замон нисбати шаҳрванд Исмоилов Ибодулло Исрофилович ва Абдуллоев Шаҳром Зайдуллоевич тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin