• Home »
  • ХАБАР »
  • (Видео) Мусодираи беш аз 400 000 дона маводҳои тарфгарӣ
(Видео) Мусодираи беш аз 400 000 дона маводҳои тарфгарӣ

(Видео) Мусодираи беш аз 400 000 дона маводҳои тарфгарӣ

  Кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади дар фазои орому осоиштагӣ таҷлил ва пешвоз гирифтани Соли нави мелодӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд. Дар ин замина вобаста ба пешгирии муомилот ва истифодаи маводҳои тарфгарӣ, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ намуда, дар баробари аз муомилот боз доштани шумораи зиёди маводҳои пиратехикӣ ҳамзамон якчанд нафароне, ба ин кор машғул буданд, дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуданд.


  Аз ҷумла санаи 24-уми декабри соли ҷорӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Шарипов Ҳоҷибобо Ҷурабоевич соли таваллудаш 1998, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, Холматов Шероз Шокирбоевич соли таваллудаш 1999, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Холматов Шералӣ Шокирбоевич соли таваллудаш 2000, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, сокинони ноҳияи Б. Ғафуров ва Зокиров Далер Баҳодурович соли таваллудаш 1999 сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, дастгир карда шуданд. Номбурдагон миқдори зиёди маводҳои пиратехникиро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол дода, мақсади ба фурӯш гузоштанро доштанд.


  Зимни кофтуков аз номбурдагон дар 4-қуттӣ ба миқдори умумии 30-ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ бо навиштаҷоти «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.
  Айни замон нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи талаботи моддаи мазкур ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ манъ буда, нисбати чунин шаҳрвандони ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
  Бояд гуфт, ки милитсияи пойтахт аз авали моҳи декабр то ба имрӯз дар якчанд ҳолат зиёда аз 400 хозор дона маводхои гуногуни тарфгариро аз муомилот боздоштанд, ки истифодаи ин миқдор маводҳои таркандаи тарфгарӣ метавонист ба оромиву осоиштагии шаҳрвандон халал ворид созад.
  Аз ин рӯ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон махсусан сокинону меҳмонони пойтахт хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати гирифтани пеши роҳи истифода ва фурӯши ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ бетараф набошанд, зеро истифодаи ғайриоқилонаи он метавонад ба ҳодисаҳои нохӯш анҷомида, саломатии дигарон зери хатар гузорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin