• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Милитсияи пойтахт сабабҳои ба садама дучор шудани автомашинаи Ёрии таъҷилиро муайян намуд
Милитсияи пойтахт сабабҳои ба садама дучор шудани автомашинаи Ёрии таъҷилиро муайян намуд

Милитсияи пойтахт сабабҳои ба садама дучор шудани автомашинаи Ёрии таъҷилиро муайян намуд

  Санаи 1-уми декабри соли равон дар чорроҳаи кӯчаи Турсунзода-Беҳзод автомашинаи Ёрии таъҷилӣ ба садама дучор гардид. Ҳодисаи мазкур дар расонаҳои иттилоотӣ инъикос ёфта, мавриди вокуниши гуногуни шаҳрвандон қарор гирифт. 

  Вобаста ба он Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз натиҷаи таҳқиқоти ба анҷом расонидашуда ба таври расмӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳодисаи мазкур бо айби ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 1011 ВВ 01 таҳти идораи шаҳрванд Рустамов Шаҳриёр Хайруллоевич, соли таваллудаш 23. 08. 2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ, донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ба вуқуъ пайвастааст.

 

  Зимни омӯзиш ва гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ муайян карда шуд, ки ронанадаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ шаҳрванд Рустамов Шаҳриёр ба талаботи чароғаки раҳнамо итоат накарда, бо суръати баланд, роҳро дар ранги сурхи чароғак убур кардааст. Дар ҳамин вақт ба автомашинаи Ёрии таъҷилӣ, ки шаҳрванд Лоиқов Миралӣ Гадоевич, соли таваллудаш 17. 07. 1964, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Заҳматобод идора менамуд ва бо 3-нафар духтур бо хабари оҷилӣ, дар ҳолати фаъол будани воситаҳои махсус (мигалка) ҳаракат дошт, бархурда ӯро чаппа кардааст. Хушбахтона дар натиҷаи ин тасодуф талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳарду автомашина зарари техникӣ дидаанд.

  Мавриди зикр аст, ки мувофиқи қонунгузорӣ ба воситаҳои нақлиёти Ёрии таъҷилӣ, сухторхомӯшкунӣ ва як қатор воситаҳои нақлиёти дигар ҳангоми ҳаракат дар роҳ бартарӣ дода шуда, дигар ронандагон ӯҳдадор мебошанд, ки ба онҳо роҳ кушода, монеи ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёт нагарданд. Мутаассифона дар ҷомеа баъзан ронандагоне ҳастанд, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, баръакс ба таври дағалона онро вайрон мекунанд, ки дар аксар маврид ба ҳодисаҳои нохӯш меанҷомад.


  Вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, шаҳрванд Рустамов Шаҳриёр барои вайрон кардани талаботи банди 130 ва 61 қисми 5 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бо моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири автомашинаи Ёрии таъҷилӣ аз ҷониби гумонбари асосии ҳодиса шаҳрванд Рустамов Шаҳриёр ба роҳ монда шуда, таҳқиқ дар ин самт идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin