• Home »
  • ХАБАР »
  • (Видео) Боздошти ҷавонписари солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард
(Видео) Боздошти ҷавонписари солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард

(Видео) Боздошти ҷавонписари солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард

  Саломатӣ барои ҳар як инсон қимматтарин ганҷ аст. Мутаассифона дар ҷомеа ҳастанд баъзе нафароне, ки ба қадру қиммати ин ганҷи бебаҳо нарасида, бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ, бо барангехтани раҳму шафқат ба дили шаҳрвандону атрофиён мехоҳанд аз ин ҳисоб маблағу даромади муфт ба даст оваранд.
  Чуноне зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ муайян карда шуд, шаҳрванд Зиёев Муборакшо Икромҷонович соли таваллудаш 25. 12. 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асо (чигас) дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекард. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда барои ин амали нанговараш протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол гардид. Суд дар навбати худ нисбати шаҳрванд Зиёев Муборакшо Икромҷонович ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin