(Видео) Боздошти мардумфиреби навбатӣ

(Видео) Боздошти мардумфиреби навбатӣ

  Мутаассифона вақтҳои охир нафарони ҷисман солиме, ки худро маъюбу дардманд нишон дода, ба ҷамъоварии маблағ машғул мешаванд дар кучаву хиёбонҳои пойтахт ба мушоҳида мерасанд.
  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як нафар чунин мардумфиреб ки дорои ҷисми солиму бозӯи нерӯманд аст вале худро маъюб вонамуд карда, бо барангехтани раҳму шафқат ва эҳсоси инсондустӣ дар дили шаҳрвандон маблағ ҷамъоварӣ менамуд, дастгир ва нисбаташ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд.


  Ин навбат низ кормандони милитсия чунин як нафари дигарро низ ошкор намуданд, ки дар даст асо ба таври маъюбона ҳаракат намуда, аз роҳгузарон хоҳиши кумак мекард. Ин нафар шаҳрванд Ҳайитов Алихон Тағоевич соли таваллудаш 10. 12. 1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки бо нишон додани ҳолати ҳузнангезу маъюбии худ ба роҳи мошингузар баромада, бо ба вуҷуд овардани вазъияти хатарнок ба ин кор машғул буд.
  Номбурда то ба дараҷае моҳирона худро маъюб нишон медиҳад, ки дар дили ҳар роҳгузар эҳсоси раҳму шафқатро ба вуҷуд оварда, ба ӯ дасти кӯмак дароз мекунанд. Шаҳрвандон намедонанд, ки ӯ на маъюб балки ҷисман солим буда танҳо ба хотири бо ин роҳ маблағ ба даст овардан ба ин кор машғул шудааст.
  Воқеан ин амали ноҷавонмардонаи чунин афрод ба нангу номус ва шаъну шарафи инсонӣ доғ оварда, боиси озурдахотирии сокинону шаҳрвандон махсусан меҳмонони хориҷии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе мегарданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin