• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи таппонча ва даҳҳо корду кастет дар идомаи амалиёти «Корд»
Мусодираи таппонча ва даҳҳо корду кастет дар идомаи амалиёти «Корд»

Мусодираи таппонча ва даҳҳо корду кастет дар идомаи амалиёти «Корд»

  Гарчанде аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мешаванд, дар 3-марҳила амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар ҳудуди пойтахт роҳандозӣ карда шуда бошад, боз ҳам дар байни ҷавонон ин омили номатлуб аз байн нарафта, ҳолатҳои бо худ гардонидани он ба мушоҳида мерасад.
  Тавре қаблан иттилоъ дода будем амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.
  Аз ин лиҳоз дар доираи идомаи амалиёти шартии «Корд» мазкур кормандони шаҳри Душанбе, боз 14-нафар шаҳрвандонро боздошт намуданд, ки номбурдагон силоҳи сард аз қабили таппончаи газиӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанинну дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ мегардониданд. Дар рафти амалиёт аз онҳо 8-адад корд, 2-адад кастет ва як адад таппончаи газӣ ва дастчӯби оҳанин дарёфту мусодира карда шуданд.
  Бояд гуфт, ки бо худ гардонидани чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда оқибати хуб надошта, дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ имкони истифодабарии он афзуда, ба ҷиноят ва оқибатҳои нохушоянд оварда мерасонад.
  Тавре дар рафти ин амалиёт ошкор гардид, аксар он нафароне, ки бо худ чунин силоҳи сардро мегардонанд ҷавононро ташкил медиҳанд.
  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бархе ҷавонон ҷойи таҳсил ба амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ даст мезананд, ки ин боиси нигаронист.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ аз ҷумла нисбати 5-нафар ҳабси маъмурӣ аз 5 то 7 шабонарӯзи татбиқ карда шуд.
Аз ҷумла шаҳрвандони зерин:

  Талбаков Билол Ботурхонович, соли таваллудаш 19. 05. 2002, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Зарафшон бинои 15, донишҷӯи бахши 2-юми Литсеи касбии алоқа, як адад таппончаи газӣ, (номбурда гарчанде, ки ноболиғ аст ба таври ғайриқонунӣ ва бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор як адад таппончаи газӣиро бо худ мегардонд);

  Музаффаров Ашраф Бадриддинович, соли таваллудаш 27. 03. 1988, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи К. Хуҷандӣ, ки қаблан бо моддаҳои 237 ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, як адад корд;

 Мустақимзода Шамил Саидмуродович, соли таваллудаш 08. 09. 1993, истиқоматкунандаи н. Днгара, ҷамоати Себистон, як адад корд;

  Табаров Фарҳод Гурезович, соли таввалудаш 09.05.1992, зода ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Маҳмадшои Поён;

 Насимҷони Аҳтамҷон, сол тввалудаш 0405.1994, зода ва сокини ш. Душанбе кӯчаи Ҳ. Шерозӣ;

Ибрагимова Марям Каримовна, соли таваллудаш 17. 04. 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Маяковски, як адад кастет;

 

Пирназаров Фирӯз Комилҷонович, соли таввалудаш 15.04.2002, зода ва сокини ш. Душанбе, кӯчаи Испечак, адад кастет;

Мусоев Сафаралӣ Ҷумахонович, сли таввалудаш 20.07.1994, зода ва сокини ш. Кӯлоб, кӯчаи 1-уми май, маълумот олӣ, соҳибкор 1-адад корд;

Раҳимов Абдураҳмон Юсуфҷононвич, соли таваллудаш 15. 10. 2001, зодаи ш. Ваҳдат, истиқоматкунандаи маҳаллаи Чортеппаи ш. Душанбе, як адад дастчуби оҳанин;

Ҷумаев Саидҷон Акбаршоевич, соли таваллудаш 29. 11. 2002, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Ҷ. Расулов, як адад корд;

Исматов Муродалӣ Бобокалонович, соли таваллудаш 11. 10. 1992, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Саҳбо, як адад корд;

Хуршеди Азизулло соли таваллудаш 12.08.1999 зодаи н. Восеъ истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи С. Айни 16, як адад корд;

Сулаймонов Хайрулло Шамсуллоевич. соли таввалудаш 09.07.1991, зода ва сокини ш. Душанбе, маҳаллаи Ободкорон, 1-адад корд, дарёфту мсодира карда шуданд.

  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд то онҳо ҳамроҳи худ чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро гардонанд. Тибқи таҳлилҳо дар бештари маврид бо худ гирифта гаштани ин қабил ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда ба ҷиноятҳои гушношунид анҷомидааст.
  Дар навбати худ милитсияи пойтахт то охирин лаҳза ва пурра решакан намудани ин амали номатлуб мубориза бурда амалиётҳои мақсаднокро дар ҳудуди пойтат идома медиҳад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin