• Home »
  • ХАБАР »
  • Мулоқоти расмии ҳайатҳои дуҷонибаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин
Мулоқоти расмии ҳайатҳои дуҷонибаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин

Мулоқоти расмии ҳайатҳои дуҷонибаи мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин

  Дар доираи идомаи сафари корӣ байни ҳайатҳои расмии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су мулоқоти расмии корӣ баргузор гардид.
  Дар ин мулоқот ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чинро сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин – ӯ низ муовини раиси шаҳри Нанкин ҷаноби Сун Тен Ю ва ҷонииби Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон муаррифӣ намуданд.


  Дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомотҳои ду кишвар, табодули таҷриба доир ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, раванди террористиву экстримистидошта, аз муомилоти ғайриқонунӣ боздоштани маводи мухаддир, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои кибернетикӣ, бозомӯзии кормандони милитсия, кумакҳои техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


  Дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ иловатан таъкид карда шуд, ки аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмӣ ва кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба кишварҳои ҳамдигар ташкил карда шуда, ҳамкории дуҷониба боз ҳам устувор гардонида мешавад.


  Тибқи созиши бадастомада ҷаласаи навбатии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баҳори соли 2020 дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin