• Home »
  • ХАБАР »
  • Иштирок дар конфронси байналмиллалӣ оид ба масъалаи инноватсия ва технологияи бехатарии ҷамъиятӣ
Иштирок дар конфронси байналмиллалӣ оид ба масъалаи инноватсия ва технологияи бехатарии ҷамъиятӣ

Иштирок дар конфронси байналмиллалӣ оид ба масъалаи инноватсия ва технологияи бехатарии ҷамъиятӣ

  Санаҳои 13-14 ноябри соли ҷорӣ ҳайати ташрифотии милитсияи шаҳри Душанбе дар конфронси калони байналмиллалии «Инноватсия ва технологияи бехатарии ҷамъиятӣ», ки дар шаҳри Нанкин бо иштироки 1500 нафар олимон, ихтироъкорон ва академикҳои соҳаи технологияи бехатарӣ баргузор гардид, иштирок намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар кори конфронс ба ғайр аз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин роҳбарони Академияи политсияи кишварҳои ИМА ва Англия, инчунин ҳайатҳои расмии кишварҳои Ҷопон, Корея ва Канада иштирок намуданд.


  Конфронс бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Нанкин Лан Шаомин оғоз гардида, дар қисмати расмӣ ҳамчунин муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Лин Рий, сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин ҷаноби Сун Тен Ю суханронӣ намуданд.


  Сипас олимону академикҳои Академияи илмҳои технологии Чин ва ихтироъкорон аз тамоми музофотҳои кишвар суханронӣ намуда, дар самти кашфиёт ва ихтирои технологияи навтарини бехатарии ҷамъиятӣ, ки дар кори мақомотҳои таъмини амният, сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда мешаванд, суханронӣ намуданд.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin