• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздиди милитсияи шаҳри Душанбе аз Намоишгоҳи байналмиллалии технологияи бехатарии ҷамъиятӣ
Боздиди милитсияи шаҳри Душанбе аз Намоишгоҳи байналмиллалии технологияи бехатарии ҷамъиятӣ

Боздиди милитсияи шаҳри Душанбе аз Намоишгоҳи байналмиллалии технологияи бехатарии ҷамъиятӣ

  Санаи 14 ноябр баъди анҷоми қисмати илмии конфронс ҳайати ташрифотии милитсияи шаҳри Душанбе аз Намоишгоҳи байналмиллалии технологияи навтарини бехатарии ҷамъиятӣ дидан намуданд.


  Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, тамоми ширкатҳои технологии Чин дар Намоишгоҳи мазкур охирин технологияи инноватсиониро дар самтҳои таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон, аз ҷумла технологияи бехатарӣ дар соҳаҳои мактабу маориф, кӯдакистонҳо, беморхонаҳо, меҳмонхонаҳо, системаи технологии идоранамоии марказҳои калони савдою тиҷорат ва бозорҳо, технологияи пешгирӣ ва огоҳнамоӣ аз сар задани ҳодисаҳои сӯхтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, назорати ҳаракат дар роҳҳо, технологияи муайяннамоии дараҷаи сархушии ронандагон ба намоиш гузоштанд.


  Илова бар ин дар Намошгоҳ кормандони милитсияи пойтахт аз гӯшаи технологияи бехатарии ҷамъиятӣ дидан намуданд, ки ба иттилои масъулини Намоишгоҳи байналмиллалӣ чунин тарзи технология танҳо аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ истифода бурда мешавад. Зеро технологияи инноватсионии мазкур танҳо барои пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳо, дарёфту мусодира намудани ашёҳои ба таври қочоқ ба қаламрави кившар воридшаванда, аз муомилоти ғайриқонунӣ боздоштани маводи мухаддир, ошкорнамоии ҳолатҳои бо худ гардониани силоҳ ва ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда ҳангоми воридшавӣ ба бино ва обектҳои махсуси ҳифзшаванда ва аҳамияти стратегидошта истифода бурда мешаванд.


  Дар Намоишгоҳ ба ғайр аз технологияи мазкури инноватсионӣ автомашинаҳои хизматии мақомоти политсияи Ҷумҳурии мардумии Чин ба намоиш гузошта шуда буд, ки меҳмонон аз ин гӯша низ дидан намуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin