• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар мулоқот бо роҳбарияти Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин
Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар мулоқот бо роҳбарияти Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин

Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар мулоқот бо роҳбарияти Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин

  Дар доираи сафари корӣ ҳайати ташрифотии милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин нахуст бо муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Лин Рий мулоқот намуда, ҷонибҳо зимнан ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чинро баррасӣ намуданд.


  Зимни мулоқоти корӣ муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Лин Рий қайд намуд, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики стретегии Чин дар масоили таъмини амният ва бехатарӣ дар минтақа қобили таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмиллалӣ буда, дар самти таъмини сулҳу субот дар Афғонистон таҷрибаи бой дорад.
  Сипас дар идомаи мулоқот ҳайати расмии намояндагони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо сардори Идораи бехатарии ҷамъиятии музофоти Тсзян Су – ӯ низ муовини губернатори музофоти Тсзян Су генерал Лю Ян қабул ва мулоқоти корӣ доир намуд.


  Номбурда нахуст дар мулоқоти хосса бо сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз саҳм ва ташаббусҳои созандаи сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ташкили мизҳои мудаввар ва баргузор намудани конфронсу семинарҳои байналмиллалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори сулҳ дар Афғонистон ёдовар гардид.
  Номбурда дар идомаи суҳбат афзуд, ки талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри ташкили сулҳи комил дар Афғонистон ва таъмини бехатарии амният дар минтақа хеле назаррас буда, ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай якчанд пешниҳодҳои муҳим ироа намудааст.


  Генерал Лю Ян дар идомаи суҳбат афзуд мо Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегии боэътимод ва кишвари дӯсту ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Миёна мешиносем.
  Дар мулоқот сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода низ аз робитаҳои стратегии Тоҷикистону Чин, мавқеи якҷояи ду кишвари дӯст ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳалли масъалаву проблемаҳои минтақавию байналмиллалӣ суханронӣ намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin