Амалиёти «Пиёдагард» (Видео)

Амалиёти «Пиёдагард» (Видео)

  Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби нобаробар будани нишондодҳои асосии суръати ҳаракати пиёдагардон, дар кӯчаву роҳҳо, дар ҷойҳои муайянгардида интизори воситаҳои нақлиёт нагаштани онҳо, яку якбора давида баромадан ба қисми мошингарди роҳ, истифода набурдан аз гузаргоҳҳои зеризаминию рӯизаминӣ сабабгори афзоиши босуръати зеркунии пиёдагардон гардидаистодааст. Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ махсусан пиёдагардон дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди пойтахт, коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки пиёдагардон, бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шуруъ аз 11-ум то 21-уми ноябри соли равон дар қаламрави шаҳри Душанбе амалиёти «Пиёдагард» гузаронида шудаистодааст.
  Дар натиҷаи гузаронидани ин амалиёт дар муддати аз 11-ум то 18-уми ноябри соли ҷорӣ нисбати 1570-нафар пиёдагардон барои талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудан ва аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштан, тибқи талаботи моддаи 340 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷойи қоидавайронкунӣ бо истифода аз баргаҳои ҷаримавӣ ба андозаи 6 сомонию 88 дирам ҷаримабандӣ гардиданд.

(гузориши видеоӣ)

  Баргузории амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал меоварад, ки ҳангоми убури кӯчаву роҳҳо Қидаҳои ҳаракат дар роҳро ба пуррагӣ риоя намоянд, роҳҳои мошингардро аз ҷойҳои муқарраршуда аз гузарҳои зеризаминию рӯизаминӣ гузаранд ва ҳаёту саломатии худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin