Ҷаримабандии ронандагон аз рӯи навори ирсолнамудаи шаҳрванд (навор)

  Бо фаъолияти шабонарӯзии милитсияи пойтахт имрӯз робитаи милитсия бо ҷомеа дар ҳоли густаришёбӣ қарор дорад. Шаҳрвандон дар симои милитсия ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд, ки ин аз муроҷиату дархостҳои ба унвонии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсолнамудаи онҳо гувоҳӣ медиҳад.
  Аз ҷумла як нафар сокини пойтахт ва истифодабарандаи фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо сабти видеоии қоидавайронкунии ронандагон ва ирсоли он аз милитсияи пойтахт хоҳиш намуд, то пеши роҳи чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ гирифта шуда, нисбати ронандагон чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Дар натиҷа муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикос гардида ошкору муайян карда шуда, ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.


  Баъд аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда, муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар навор инъикосёфта ба аломатҳои ишоракунандаи роҳ итоат накарда, қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳро содир намудаанд.
  Вобаста ба ин нисбати ронандагони зерин бо моддаи 318 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Давлатов Комил Музаффарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ландкрузер-200», рақами қайди давлатияш 100 XD 01


Ибрагимов Дилшод Туйчиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-350», рақамаи қайди давлатияш 6688 GG 01

Фозилов Қобилҷон Ҳокимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 4444 В0 03

Юсупов Марадона Кинонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-300», рақами қайди давлатияш 3736 НА 01

Ҷамолиддини Мадиброн Икромзода – ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21214», рақами қайди давлатияш 917 ZB 01


  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin