Ҳабс: Боздошти кондуктор барои сархушӣ ва муносибати дағал бо мусофирон (Навор)

Ҳабс: Боздошти кондуктор барои сархушӣ ва муносибати дағал бо мусофирон (Навор)

  Шоми 11 октябри соли ҷорӣ як нафар сокини пойтахт тариқи суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ирсоли наворе, ки дар он муносибати дағалона ва кирдорҳои майдаавбошонаи пулчинак (кондуктор)-и хатсайри №42 нисбати мусофирон сабт гардидааст, аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки нисбати кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда, ки ҳамчунин дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст, чораҳои қонунӣ андешида шавад.


  Дар асоси муроҷиати мазкур ва бо мақсади муайяннамоии ҳолатҳои дар навор зикргардида кормандони ботаҷрибаи милитсияи пойтахт сафарбар карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ пулчинак (кондуктор)-и автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер аломати қайди давлатиаш 9775ТТ01, ки дар хатсайри №42 фаъолият менамуд, муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.


  Дар натиҷа зимни санҷиш шахсияти дар навор инъикосгардида муайян карда шуд, ки ӯ шаҳрванд Танжихолов Улмасҷон Ҳамидович соли таваллудаш 13.04.1988 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат буда, санаи 11 октябри соли ҷорӣ ҳангоми ба ҳайси ёвари ронандаи хатсайри мазкур ва ба ҳайси пулчинак фаъоляит намуданаш, дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, ба таври дағалона бо якчанд мусофирон, ки аксари онҳоро занон ташкил менамуданд, дарафтода нисбати онҳо суханҳои қабеҳ зада, шаъну шарафи шаҳврандонро паст задааст.


  Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур нисбати кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва зиддиҳуқуқии Танжихолов Улмасҷон Ҳамидович аз руи талаботҳои моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муҳлати 6 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin