Тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт бартараф карда мешавад

Тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт бартараф карда мешавад

  Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешгирикунанда доир карда мешавад.
  Яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мондааст, ин тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт мебошад. Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд маҳз нодуруст дар қатору дуюми сеюм таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт сабабгори ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо гардидааст.
  Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои дар ҷойҳои номуқаррагардида таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби нозирони бозрасии милитсияи пойтахт амалиёти мақсаднок ташкил ва гузаронида мешавад.
  Мутаассифона, новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар дохил ва ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ, дар қатори дуюму сеюм ва дигар ҷойҳои номуқаррашуда таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.
  Чунончӣ, бенизомиву бетартибиҳое, ки дар вақти гузаронидани рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти бо истилоҳ «таксӣ» ва шахсони воқеӣ, ки дар қатори дуюм дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти маршрутии ҷамъиятӣ халал мерасонанд, ба амал омадааст.
  Нисбати он ронандагоне, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ монеа эҷод намуда, боиси ба миён омадани тамбашавӣ мегардиданд, тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
  Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

Муҳаммадҷони Шодӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-470», рақами қайди давлатияш 0020 СУ 01

Ёрзода Абдухалил Мадихон – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-Х6», рақамаи қайди давлатияш 4775 ВМ 01;

Салимов Карим – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайрта-Кемри», рақами қайди давлатияш 0555 GG 01;

Гадоев Олим – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 7700 СХ 01;

Ҷобиров Дилшод Раҳимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 0010 НХ 01;

Нуралиев Мансур Юсуфҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатияш 1999 MD 01;

Ҳошимов Фахриддин Содиқҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада-Приора», рақами қайди давлатияш 1072 DD 01;

Ҷалолов Абдуҷаббор – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатияш 0098 DD 01;

Ибронов Файзуллохон Комронович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатияш 0088 АК 01;

Холов Изатулло Саъдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатияш 7997 ВА 01;

Нуров Муҳаммадҷон Шодиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 1030 КК 01;

Раҳмонов Умед Абдуғаффорович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Шкода», рақами қайди давлатияш 9180 ТТ 05;

Абдуғаниев Алишер – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатияш 6888 BD 01;

Назиров Ҷунайдулло Сайфуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатияш 5631 ТТ 05;

Ғиёсов Абдуҳалимҷон Абдураҳимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 6289 ТТ 05;

  Бо таҳияи ин матлаб, мақомоти милитсияи шаҳри Душнабе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, то талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо гузоштани автомашинаҳои шахсиашон дар истгоҳҳо ва ҷойҳои номуқаррагардидаи манъшуда ба ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон халал ворид накунанд, то тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт бартараф гардида, шаҳрвандон сари вақт ба коргоҳу манзили худ бирасанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin