• Home »
  • ХАБАР »
  • Кордзанӣ: Барои муноқишаи нав донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон маҳбасӣ гардид
Кордзанӣ: Барои муноқишаи нав донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон маҳбасӣ гардид

Кордзанӣ: Барои муноқишаи нав донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон маҳбасӣ гардид

  Аз ҷониби донишҷӯи муассисаи олӣ содир гардидани ҷинояти авбошӣ ба бемасъулиятии волидайн вобастагӣ дорад ва ё миҳиту атрофу фазои донишгоҳӣ? Ин суолест, ки зимни сар задани муноқиша ва ҷиноятҳои вобаста ба муқобили саломатии инсон, ки аз ҷониби донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои олӣ содир карда мешавад, пайваста ба он муфаттишон рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо, яқинан сар задани ин ё он намуди категорияи ҷиноят аз ҷониби донишҷӯи муассисаи олӣ гувоҳи дур будани ӯ аз илму маърифат аст, ки дар ин  маврид донишҷӯ новобаста аз мавқеи иҷтимоиаш даст ба ҷинояткорӣ мезанад.
  Чунончӣ, шоми 12 октябри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 17.30 дақиқа шаҳрвандон Толиҳов Ифтихор Ҷамшедович соли таваллудаш 23.10.2000 зодаи шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Бобоев Амирҷон Сайдаҳмадович соли таваллудаш 22.09.1999 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ғуломов ва Зокиров Муҳаммадшариф Абдуғаффорович соли таваллудаш 20.12.1998 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ғуломов ҳангоми дар роҳи пиёдагарди бинои №42-и кӯчаи Б.Ғафуров (маҳаллаи 103) қарор доштанашон байни ҳам муноқиша менамоянд. Дар ин лаҳза аз ҳиссиёти авбошӣ донишҷӯ Талиҳов Ифтихор Ҷамшедович аз корди бо худ доштааш истифода намуда, 1 маротиба ба бадани Бобоев Амирҷон зада, бо расонидани ҷароҳати вазнин ба саломатӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Бо ёрии атрофиён Бобоев Амирҷон бо захмҳои вазнини халандаю буррида аз тарафи чапи шикам ба Беморхонаи шаҳраки Шифобахш бистарӣ карда шудааст.
  Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ донишҷӯи кордчазан Толиҳов Ифтихор Ҷамшедович дастгир карда шуда, дар мақомоти милитсияи пойтахт омӯзиши сабабу омилҳои ба ин ҷинояти вазнин мусоидаткунада ба роҳ монда шудааст.


  Натиҷаҳои аввалини тафтишотӣ муайян намуд, ки шаҳрвандон Толиҳов Ифтихор Ҷамшедович, Бобоев Амирҷон Сайдаҳмадович ва Зокиров Муҳаммадшариф Абдуғаффорович бо ин рафторашон оромии ҷамъиятро вайрон намуда, нисбат ба ҷамъият беҳурматӣ зоҳир ва тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа ба таври дағалона вайрон намудаанд.
  Дар робита ба ҳодисаи мазкур нисбати Толиҳов Ифтихор Ҷамшедович бо моддаи 237 қисми 3 (авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва нисбати Бобоев Амирҷон Сайдаҳмадович ва Зокиров Муҳаммадшариф Абдуғаффорович бо моддаи 237 қисми 2 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin