• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Баррасии таъҷилии муроҷиатҳои шаҳрвандон: 8 ҳолати таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёти гаронарзиш
Баррасии таъҷилии муроҷиатҳои шаҳрвандон: 8 ҳолати таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёти гаронарзиш

Баррасии таъҷилии муроҷиатҳои шаҳрвандон: 8 ҳолати таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёти гаронарзиш

  Аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тамоми муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон ба таври оҷилӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода мешавад.
  Аз ҷумла, имрӯз (9. 10. 2019) чанде аз шаҳрвандон расмҳои қоидавайронкунии ронандагони воситаҳои нақлиётро ирсол намуданд, ки шаҳрвандон автомашинаҳои худро дар ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ, аз ҷумла бо вайрон намудани талаботҳои шаҳрдорӣ дар назди тарабхонаву мағозаҳо ва дар роҳи пиёдагузар болои сафолакҳои ороишӣ таваққуф намуда, дар баробари ба ҳаракати бехатари дигар воситаҳои нақлиёту шаҳрвандон халал расонидан, ҳамзамон боиси тахриб гардидани сафолакҳои ороишии канори роҳҳо гардидаанд. Чунин амалу рафтори баъзе аз ронандагон боиси таассуф ва нигаронӣ буда, бар хилофи ҳамагуна меъёрҳои одобу рафтори шаҳрдориву шаҳрвандист.
  Чуноне таҳлилҳо ва аксҳои ирсол намудаи шаҳрвандон нишон доданд, аксари чунин қоидавайронкуниҳои дағали роҳ дар хиёбони марказии пойтахт ба чашм мерасанд. Ҳол он ки ҳамарӯза аз ҷойҳо садҳо нафар меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гузар намуда, ба фарҳангу маданияти шаҳрдории мо баҳо хоҳанд дод.
  Аз ин лиҳоз тамоми соҳибони воситаҳои нақлиётро мебояд, бо амалу рафтори нописанди худ ба ҳусну зебогии пойтахт латма ворид насозанд.
  Бояд тазаккур намуд, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандагони зерин воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои номуайяншуда ба таври ғайриқонунӣ таваққуф намуда, ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намудаанд, ки ин амал бо далелҳо исботи худро ёфтаанд.
  Якчанд далели дар ҷойи муқаррарнашуда таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт:

Раҳимов Абдувоҳид Абдуназарович ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 1111НА03;

 

Сафаров Муслимиддин Ҷамшедович ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 1999СМ01;

Каримов Хатлон Ҳисориевич ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-каролла, рақами қайди давлатиаш 0005РС01;

Ҳакимов Наҷибулло Темуршоевич ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ 535, рақами қайди давлатиаш 8800СМ01;

Расулов Абдувоҳид Шарифович ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-каролла, рақами қайди давлатиаш 4400АХ01;

Раҷабов Абдуғаффор Иззатулоевич ронандаи автомашинаи тамғаи КИА-Серато, рақами қайди давлатиаш 233ХН01;

Каримзода Ҳилол ронандаи автомашинаи тамғаи ДЭУ Нексия, рақами қайди давлатиаш 4518РВ01;

Раҳимов Шаҳром Содиқович ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 6655ЕЕ01.

  Бо дарназардошти ҳолати мазкур, автомашинаҳои дар расм инъикосгардида ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардида, нисбати соҳибонашон барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд.
  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. Суроғаҳои электронӣ ва телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin