Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартарафнамоии таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартарафнамоии таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт

  Тамоми муроҷиат ва дархостҳои шаҳрвандон бевосита аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва амалӣ гардонидани дархостҳои шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазири лозима роҳандозӣ карда мешавад.
  Аз ҷумла, чанде аз шаҳрвандон расмҳои қоидавайронкунии ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки автомашинаҳои худро дар ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намуда, ба ҳаракати бехатари дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасониданд, ба суроғаҳои электронии Раёсат ирсол намудаанд, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш чунин иттилоъ дода мешавад.
  Муроҷиатҳои воридгардида, аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷуии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида, як чанд нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди санҷиши нозирони роҳ қарор гирифтаанд.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандагони зерин воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои номуайяншуда ба таври ғайри қонунӣ таваққуф намуда, ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намудаанд, ки ин амал бо далелҳо исботи худро ёфтаанд. Нисбати ин ронандагон тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримандӣ карда шуданд.

Махсумов Шоҳрух Ҷурабекович, ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, рақами қайди давлатиаш 4444 ВХ 01

Дустов Аҳмад парвизович, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайёта, рақами қайди давлатиаш 202 В 003

Сайфиев Фаррух , ронандаи автомашинаи тамғаи Тайёта-Кемри, рақами қайди давлатиаш 0010 РУ 01 (Автомашинаи нав харидори намудааст)

Раҳматов Далер Ҳабибуллоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайёта-Лендкрузер, рақами қайди давлатиаш 1000 СК 01

Ҳоҷиев Бахтовар Шарофович, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 7500 СР 01

Мирзораҳимов Рамазон Муродалиевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайёта-Каролла, рақами қайди давлатиаш 4962 НР 01

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Суроғаҳои электронӣ:

Почтаи электронӣ: rvkddushanbe@mail.ru,
Саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе”
Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221-15-00

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin