Истиқлолият – дастоварди пурарзиштарин

Истиқлолият – дастоварди пурарзиштарин

  Имрӯзҳо дар сартосари Ватани азизамон тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ танинандоз аст. Бахшида ба ин санаи муборак, рӯзи 6-уми сентябр дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки сардори ин Раёсат генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, собиқадорони соҳа, намояндагони Васоити ахбори омма, роҳбарият ва ҳайати шахсии РВКД ва ҷузъу томҳои он дар пойтахт чорабинии идона доир гардид.

  Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон оғоз намуда, ҳозиринро бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз номи худ ва роҳбарияти РВКД ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ сидқан шодбош гуфта, ба онҳо зиндагии орому осоишта ва барору комёбиҳо таманно намуд.


  Номбурда зимни суханронии худ зикр кард, ки Истиқлолият дастоварди пурарзиштарини мардуми бофарҳангу соҳибмаърифат ва тамаддунсозу сулҳхоҳи давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи бонангу номус ва шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ мебошад.
  Аз баракоти ин неъмати бебаҳо кишвари соҳибихтиёри мо пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва имрӯзҳо бо қадамҳои устувор сӯйи марҳилаи тозаи инкишоф ва таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақил, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинонаш пеш меравад.


  Натиҷаи сиёсати хирадмандона, фаъолияти пурсамар ва талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон таъмин мебошад.
  Ба шарофати сиёсати пешанамудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ равнақу ривоҷ ёфтанд.

  Ҳамчунин, сардори Раёсат дар баромади худ аз таърихи бою рангини давлатдории тоҷикон, ба даст овардану посдории Истиқлолияти давлатӣ, марҳилаҳои тараққиёти Ватани азизамон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, хизматҳои содиқонаву шоистаи кормандони милитсия ибрози андеша намуд.
  Дар фарҷоми суханронии худ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе бо итминон баён намуд, ки «ҳар яки мо бо ҳисси баланди масъулият дар назди наслҳои ояндаи миллат аз уҳдаи ин вазифаҳои басо пурмасъул ва пуршарафи ба зиммаамон вогузоргардида сарбаландона мебароем ва ба нишон додани ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва қонуният ҳар лаҳза садоқати хешро ба Ватани маҳбуб ва мардуми шарафманди он зоҳир ва амнияти Истиқлолияти давлатамонро таъмин менамоем».


  Дар идомаи чорабинӣ бо фармони Вазорати корҳои дохилӣ беш аз панҷоҳ нафар кормандони РВКД ва ҷузъу томҳои он дар шаҳри Душанбе барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо медалҳои «Милитсияи тоҷик», «Барои хизматҳои шоён» дараҷаи 1, 2 ва 3, бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия», Сипоснома, Раҳматномаи ВКД, ҳамчунин як қатор собиқадорони соҳа бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin