• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти шартии «алик-малик»: Боздошти якчанд гурӯҳҳои қиморбоз дар ҳудуди пойтахт
Амалиёти шартии «алик-малик»: Боздошти якчанд гурӯҳҳои қиморбоз дар ҳудуди пойтахт

Амалиёти шартии «алик-малик»: Боздошти якчанд гурӯҳҳои қиморбоз дар ҳудуди пойтахт

  Бо мақсади ба таври муфт ба даст овардани маблағ ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти худ ҳамеша инсонҳои кутоҳандешу сабукфикр даст ба иҷрои ҳар гуна амалу кирдорҳои номатлуб мезананд. Бо роҳи фиребу маккорӣ аз ҳисоби дигарон ҷайби худро пур сохта, мехоҳанд зиндагонии осоишта дошта бошанд, ки ин амали ноҷавонмардона ба ҳисоб меравад.
  Як падидаи номатлуб ва ғайриқонуние, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, ин аз ҷониби баъзе аз афрод ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» мебошад. Бояд гуфт, ки нисбати чунин кирдори ғайриқонунӣ ва нафарони ба он машғулшаванда кормандони мақомоти милитсия тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
  Аз ҷумла ҷиҳати пешгирӣ ва решакан намудани ин амали ғайриқонунӣ бо дастури роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, ахиран кормандони бахшҳои оперативии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар маконҳои баргузории қиморбозиҳо рейд ва чорабиниҳои оперативӣ амалӣ намуданд. Дар натиҷаи он якчанд гурӯҳҳои қиморбоз, ки бо роҳи фиреб ва ҷалби таваҷҷӯҳи шаҳрвандон маблағҳои пулии онҳоро азони худ мекарданд, дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оварда шуданд.
  Аз ҷумла шаҳрванд Баротов Муродалӣ Тошмадович, соли таваллудаш 20. 01. 1985, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Нахимова, дар назди Маркази савдои «Содот» ҳангоми ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул будан дастгир карда шуд. Бояд гуфт, ки номбурда гарчанде чандин маротиба барои ин кирдори ғайриқонунӣ дастгир ва нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида шуда бошад ҳам тарки ин одат накардаааст. Баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул шуда, бо ин роҳ маблағ ба даст меовард.
  Вобаста ба ин нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.


  Инчунин дар натиҷаи ин амалиёт дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 3-нафар қиморбоз дастгир карда шуд, ки онҳо асосан бо ивази маблағҳои пулӣ ба қиморбозӣ машғул будаанд.
Инҳо шаҳрвандон;
– Муқимов Муродалӣ Умарович, соли таваллудаш 01. 02. 1969, сокини н. Восеъ кӯчаи А. Ҷомӣ, оиладор соҳиби 5-фарзанд;


-Раҳимов Фирдавс Сайвалиевич, соли таваллудаш 28.09. 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н. Махсум, оиладор соҳиби 2-фарзанд;


-Акбаров Мансур Хайриддинович, соли таваллудаш 22.02. 1984, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Қосимова, оиладор соҳиби 4-фарзанд мебошанд.


  Зимни пурсиш муайян гардид, ки роҳбарии ин гурӯҳи қиморбозро шаҳрванд Муқимов Муродалӣ бар ӯҳда дошта, тақрибан муддати 10-сол мешавад, ки бо чунин роҳ зиндагонии худро пеш мебурдааст. Ӯ бар замми худ ба ин роҳи хато рафтан, чандин нафарони дигарро низ қиморбоз намуда, ба қавле як гурӯҳи қиморбозиро ташкил ва дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо қиморбозӣ ба ивази маблағ шаҳвандонро фирефта ва тамоми маблағҳои онҳоро аз они худ мекардаанд.
  Шаҳрвандон хуб медонанд, ки агар нафаре ба доми онҳо афтод то охирин маблағи дар ҷайб дошта бозӣ ва ҷайби худро холӣ мекунад.
  Чуноне зимни пурсиш худи онҳо мегӯянд, дар ин бозӣ ҳеҷ кас бурд намекунад ва он танҳо фиреб асту халос.


  Бо дар назардошти ин нисбати номбурдагон бо моддаи 465 (Қиморбозӣ) Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди н. Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар дар навбати худ, нисбати ҳаркадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 5 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин намуд.
  Гузашта аз ин кормандони милитсия дар натиҷаи ин амалиёт як гурӯҳи дигарро низ дастгир намуданд, ки онҳо ба қавле ба шакли мудерн яъне замонавии қиморбозӣ машғул буданд.
Инҳо шаҳрвандон:
-Абдусамадов Ёқуб Садриддинович, соли таваллудаш 28.04.1994. сокини н. Рудакӣ шаҳраки Сомониён, кӯчаи Зебуниссо,


-Абдураҳимов Зокирҷон Хайриматович, соли таваллудаш 28. 05. 1981. истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ кӯчаи Навбаҳор мебошанд.


  Номбурдагон бо таъсиси латареяи ба қавле бурднок, ки ҳеҷ гоҳ касе бурд намекунад, дар маконҳои серодам махсусан назди бозорҳо бо роҳи фурӯши он маблағҳои шаҳрвандонро азони худ мекардаанд. Чуноне зимни пурсиш худи гумонбаршавандагон тасдиқ намуданд, латареяи онҳо нархҳои гуногун дошта, вобаста ба зиёдии маблағи бурд ба латарея нарх гузошта мешудааст. Ҳар кадоме, ки латареяи рақами ҷуфт гирифт бурд мекунад, вале зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳеҷ гоҳ дар дохили зарфе, ки латарея фурухта мешавад, рақами ҷуфт вуҷуд надорад. Танҳо барои ҷалби таваҷҷӯҳ ва фиреби шаҳрвандон нафаре аз шариконашон яке аз чунин латареяи рақами ҷуфтро кушода нишон медодааст, ки гӯиё бурд кард.


  Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, ки дар амалу кирдорҳои номбурдагон баръало таркиби ҳуқуқвайронкунӣ мавҷуд аст, нисбаташон бо моддаи 465 (Қиморбозӣ) Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди н. Сино ирсол карда шуд. Суд дар дар навбати худ, нисбати ҳаркадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 660-сомонӣ таъин намуд.


  Бояд гуфт, ки мақсад аз таҳияи ин мавод он аст, ки шаҳрвандон махсусан ҷавонон фирефтаи ин гурӯҳ тақаллубкорону қиморбозон нашаванд. Чуноне рафти таҳлилҳо ва санҷиши маводҳои дар ин самт дастрасшуда нишон медиҳанд, ташкилкунандагони ин қиморбозиҳо асосан аз якчанд нафар иборат буда, танҳо барои ҷалби шаҳрвандону роҳгузарон ва фиреби онҳо дар байни шарикони худ бозӣ ташкил ва бурдҳам мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки шаҳрвандон ҳеҷ гоҳ бурд нахоҳанд кард, ин танҳо фиребу маккорист.

Моддаи 465. Қиморбозӣ

1. Барои дар ҷойҳои муқаррарнашуда ташкил кардани қиморбозӣ (картабозӣ ва ғайра) ба ивази пул, ашё ва дигар чизҳои қиматнок, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз дувоздаҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. (қҷт. 28.06.2011 №717)
2. Барои иштирок дар қиморбозӣ ба ивази пул, ашё ва дигар чизҳои қиматнок дар ҷойҳои муқаррарнашуда, инчунин аз тарафи шахсони алоҳида пазируфтани ставкаҳо (ҳуқуқпулӣ) дар бозиҳои варзишӣ ва дигар қувваозмоиҳо, —
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, —
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чилу панҷ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin