Мусофиркашонии ғайриқонунӣ: Боздошти ронанда баъд аз муроҷиати сокинон

Мусофиркашонии ғайриқонунӣ: Боздошти ронанда баъд аз муроҷиати сокинон

  Мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки мехоҳанд ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шаванд, бояд иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатиро дошта бошанд. Мутаассифона баъзе аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ба мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул гардида, талаботҳои қонунҳои амалкунандаро вайрон мекунанд.
  Аз ҷумла як нафар сокини пойтахт бо ирсоли расми воситаи нақлиёт аз мусофиркашонии ғайриқонунӣ ва аз меъёри муқарраргашта зиёд талаб намудани ҳаққи роҳкиро шикоят намуда, хоҳиш кардааст, ки нисбати ронандаи дар расм инъикосёфта чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи Раёсати ВКД дар ш. Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯӣ қарор гирифт. Дар натиҷа муайян гардид, ки воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес-спринтер, аломати қайди давлатиаш 6743 РВ 01, ба шаҳрванд Рамазони Бозор соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, кӯчаи А. Навоӣ тааллуқ доштааст. Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои автомашинаи мазкур муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат номбурда ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул будааст.
  Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Рамазони Бозор бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin