• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасӣ дар давоми 24 соат: ҳабси маъмурии боз як ронандаи бадахлоқ барои дастдарозӣ ба ҷавондухтар
Баррасӣ дар давоми 24 соат: ҳабси маъмурии боз як ронандаи бадахлоқ барои дастдарозӣ ба ҷавондухтар

Баррасӣ дар давоми 24 соат: ҳабси маъмурии боз як ронандаи бадахлоқ барои дастдарозӣ ба ҷавондухтар

  Санаи 12-уми август тахминан соати 20:20 дақиқа як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз дағалрафтории як ҷавонписар, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид.
  Баъди нашри муроҷиат шабона баррасӣ ва санҷиши муроҷиати мазкур ба роҳ монда шуда, баҳри муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ бахшҳои оперативӣ ва бозрасии милитсияи пойтахт сафарбар карда шуданд.
  Ҳамагӣ баъди 1 соати нашри муроҷиат кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашинаи мазкурро муайян намуда, ронанда ва автомашинаи зикргардидаро ба Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дастрас намуданд.


  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Давлатов Заробиддин Иҳломиддинович соли таваллудаш 16.06.1992 сокини н. Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «ВАЗ-21014» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 мебошад. Номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содирнамудаи худ иқрор гардида, иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 12-уми август тахминан соати 20:20 дақиқа, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади ш. Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.


  Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Давлатов Заробиддин бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 13 август бо ҳукми Суди ноҳияи Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати номбурда Давлатов Заробиддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуда, барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.


  Дар робита ба ҳолати макзур милитсияи шаҳри Душанбе бори дигар ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан аз ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дифо намуда, тариқи телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд. Ҳамаи муроҷиат ва пешниҳоду дархостҳои воридгардида шахсан аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт мавриди баррасӣ ва чораҷӯии пурра қарор дода мешавад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin