3-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ   

3-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ  

  Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.

  Дар натиҷаи баргузории чунин амалиётҳои пешгирикунанда ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4554 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. 

Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 3 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 14 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 102 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 124 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 31 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 14 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 93 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 92 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 92 адад;
-Вазъияти хавфнок – 19 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 261 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 819 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2963 адад;

  Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба ҳисоб меравад. Гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиёти худро идора мекунанд, ки ин ҳолат  ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад. 

  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 3 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инҳо:

Исмоилов Шаҳбоз Иброимович  – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 8819 ВС 03

Қурбонов Зоирҷон Тоҳирович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3901 РВ 01

Нуров Ёрмуҳаммад Гулмаҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи КИА, рақами қайди давлатиаш 8290 АЕ 08

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin