Харакати гурӯҳӣ – сабабгори тамбашавии сунъӣ дар роҳҳо

Харакати гурӯҳӣ – сабабгори тамбашавии сунъӣ дар роҳҳо

  Яке аз қоидавайронкуниҳое, ки боиси ба вуҷудоии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва халал расонидан ба ҳаракати бемайлони дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегардад, ин ҳаракати гурӯҳӣ ва дар қатораи автомашинаҳои туёна бо қоидавайронкунӣ ва сабқати нодуруст (манёвр) идора намудани воситаҳои нақлиёт мебошад. Вобаста ба бартараф намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт аз ҷониби нозирони роҳ тамоми чораҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.
  Аз ҷумла рӯзи якшанбеи санаи 14. 07. 2019 маълум карда шуд, ки як қатор воситаҳои нақлиёт, ки дар туйи домодиву арусӣ хизматрасонӣ мекарданд ва тавассути кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ба самти кӯчаи С. Шерозӣ ҳаракат доштанд, воситаҳои нақлиётро бо қоидавайронкунӣ ва сабқати нодуруст идора намуда, боиси тамбашавии дигар воситаҳои нақлиёт гардидаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нисбати ронандагони зерин барои қоидаваронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Солиев Зокир Рустамович, ронандаи автомашинаи тмғаи Тайота-Кемри, рақамҳои қайди давлатиаш 9074 НА 01;


Наҷмов Хуршед Ҷамшедович, ронандаи автомашинаи тмғаи Мерседес-Бенс, рақамҳои қайди давлатиаш 0010 DK 01;

Раҷабов Муҳаммад Умарович, ронандаи автомашинаи тмғаи Мерседес-Галенваген, рақамҳои қайди давлатиаш 1616 JJ 01;

Асоев Ҷамолиддин Аббосович, ронандаи автомашинаи тмғаи Мерседес-Галенваген, рақамҳои қайди давлатиаш 7000 DY 01;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin