Таваққуфи нодуруст: Сабабгори бавуҷудоии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт   

Таваққуфи нодуруст: Сабабгори бавуҷудоии тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт  

 

  Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад.

  Мутаассифона, новобаста аз баргузории  маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатору дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ, ки чунин истгоҳҳо маҳз барои нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ хизматрасонӣ мекунанд, таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.

  Дар натиҷаи баргузории якқатор рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ, ки дар қатори дуюму сеюм ва истгоҳҳои ҷамъиятӣ дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати бемамонияти дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонанд, ба амал омадааст.

 Мавриди зикр аст, ки дар баъзе маврид нодуруст таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт ва дар чунин ҳолат ҳамлу нақли мусофирон боиси ба вуҷуд омадани садамаҳои нохӯши нақлиётӣ мегардад.

  Сипас нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ доданд, парвандаҳои маъмурӣ бо дастрасии моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд.

Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

Назаров Фирӯз – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», рақами қайди давлатиаш 0202 ОС 01;

Ҳайитов Дустмурод Мадаминович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Авалон», рақамаи қайди давлатияш 0808 АА 07;

Лутфуллоев Хайрулло Қобилович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», рақами қайди давлатияш 0777 RS 01;

Алиев Бахтиёр Қутбуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатиаш 7774 АD 01;

Амонов Аслом Нодирович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда», рақами қайди давлатияш 7847 НН 01;

Исматов Умед Хуҷамуродович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатияш 0142 РВ 01;

Ҳакимов Ҷомӣ Набиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Некси», рақами қайди давлатияш 9616 ЕЕ 07;

Бурханов Шарифҷон Саидасрорович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатияш 5969 АК 08;

Ҷалилов Рамазон Раҷабалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатияш 9781 АН 07;

Наҷмиддинов Маҳмадулло Шамсуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатияш 5317 DO 08;

Баротов Муродалӣ Шарипович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатияш 6537 ЕМ 01;

Асоев Ҷамшед Иброгимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», рақами қайди давлатияш 1334 НН 01;

  Бо таҳияи ин матлаб, мақомоти милитсияи шаҳри Душнабе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, то талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо гузоштани автомашинаҳои шахсиашон дар ҷойҳои номуқаррагардидаи ба ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон халал ворид накунанд, то тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт бартараф гардида, шаҳрвандон сари вақт ба коргоҳу манзили худ бирасанд.

  

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin