Авбошӣ дар назди манзили истиқоматӣ

Авбошӣ дар назди манзили истиқоматӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои пойтахт, ноболиғ, писарбаччаи 16-солаи сокини ш.Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 1 июли соли 2019, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар назди хонаи истиқоматиашон воқеъ дар кӯчаи Маяковскии пойтахт, шахсони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро лату кӯб намуда, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, 3-маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 18-сола ва ноболиғ, писарбаччаи 17-солаи сокинони шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд. 

  Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin