7-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

7-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
  Дар натиҷаи баргузории чунин амалиётҳои пешгирикунанда ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4132 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 7 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 9 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 136 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 101 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 27 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 11 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 63 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 44 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –122 адад;
-Вазъияти хавфнок – 9 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 328 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 879 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1547 адад;
  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 7 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инҳо:

Ҷобирзода Беҳрӯзҷони Файзиддин – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 7747 ТТ 05

Юсупов Маҳмадулло Маҳмудович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 7356 ТТ 05

Валиев Абдуҷаббор Назруллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 4838 РР 01

Тошмаҳмадов Эраҷ Ҳотамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Шевролет, рақами қайди давлатиаш 1221 СК 01

Шарипов Муҳиддин Саидович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9776 ВХ 01


Ашуров Умедҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, рақами қайди давлатиаш 0847 НН 01

Ҳайдаров Шаҳбоз Бахтиёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21014

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin