4-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

4-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
  Дар натиҷаи баргузории чунин амалиётҳои пешгирикунанда ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4116 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 4 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 22 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 146 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 164 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 16 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 13 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 87 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 90 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –107 адад;
-Вазъияти хавфнок – 3 адад;
-Итоат накарда ба нишондоди аломати роҳ – 895 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 123 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 928 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1512 адад;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin