Ҳалокати як нафар ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Ҳалокати як нафар ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

  Санаи 27-уми апрели соли 2019, тахминан соати 18:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Сатурн», рақами қайди давлатиаш 7966 DD 01, Бедилов Ҳусейн Кабутович соли таваллудаш 1969 сокини шаҳри Душанбе ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар кӯчаи Испечак-2 назди бинои истиқоматии №5 ва ҳангоми ворид шудан ба таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёти воқеъ дар кӯчаи мазкур аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, як нафар ноболиғи 9-соларо пахш намудааст.
  Дар натиҷаи ин садамаи нохӯши  нақлиётӣ ноболиғи номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
  Оид ба ҳодисаи мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin