• Home »
  • ХАБАР »
  • Сафари расмии ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ба Душанбе
Сафари расмии ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ба Душанбе

Сафари расмии ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ба Душанбе

  Сиёсати хориҷӣ ва дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, ки дар доираи созишномаҳои ба имзорасида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо вазорату идораҳои дахлдори шарикони стратегӣ ва кишварҳои дӯст ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, табодули таҷриба намоянд.
  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикстон, ки бо Ҷумҳурии мардумии Чин расман ҳамчун шарикони стратегӣ шинохта шудаанд, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, ҳамкориҳои стратегии ду кишвари дӯст ва ҳамсояро тақвият медиҳанд.

  Дар баробари дигар соҳаҳо ин замина якчанд Созишномаҳои ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин ба имзо расонида шуда, мулоқоту сафарҳои кории ҳайатҳои расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишварҳои ҳамдигар ба роҳ монда шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстрмизм, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ карда шудаанд.

  Дар доираи Протоколи баимзорасида аз натиҷаи гуфтушунид байни Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе санаи 8 майи соли ҷорӣ як ҳайати калони намояндагони оркестрии «Сипари тилоӣ»-и Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су таҳти роҳбарии сардори Департаменти мазкур, ӯ низ муоивни раиси шаҳри Нанкин ҷаноби Сун Тсзянюй бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

  Дар доираи ин сафар шоми 9 май дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев консерти калони оркестри нафасии «Сипари тиллоӣ»-и Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти унвони «Даъвати роҳ» баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ наздики 1000 нафар кормандони милитсияи пойтахт, роҳбарияти ВКД, роҳбарони сохтору мақомотҳои шаҳрӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва занону бонувон иштирок намуданд.

  Барномаи консертӣ бо садо додани сурудуҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардида, дар рафти он якчанд мусиқиҳои сурудҳои тоҷикӣ аз ҷониби навозандагони оркестри «Сипари тиллоӣ» бо ҳунари баланди бадеӣ навохта шуда, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
  Суруду таронаҳои тараннумгари дустӣ, хизмат ба Ватан, садоқат ба миллат, арҷгузорӣ ба таърих аз мавзуъҳои меҳварии барономаи коенсертӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin