Ошкорёбии 6-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

Ошкорёбии 6-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

  Аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир карда мешавад.
  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ додаанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3887 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 10 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 129 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 71 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 10 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 7 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 54 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 48 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ –152 адад;
-Вазъияти хавфнок – 7 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 463 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон –728 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1415 адад;

  Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд берхе нафароне ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инҳо:

Раҳимов Рустам Давлатович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, рақами қайди давлатиаш 9699 СР 01

Бобоев Баҳруло Тошпулотович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 6002 ЕЕ 01

Азимов Парвизxон Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 1412 DD 08

Алаёров Рамазон Алишерович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 9716 ВХ 01

Раҳимов Беҳроз Зуҳуридинович – ронандаи автомашинаи тамғаи Шевролет, рақами қайди давлатиаш 8080 ВС 01

Rурбонов Бахтиёр Мирзоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел, рақами қайди давлатиаш 8754 DO 02

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin