• Home »
  • ХАБАР »
  • Мулоқоти кории ҳайатҳои дуҷонибаи милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин
Мулоқоти кории ҳайатҳои дуҷонибаи милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин

Мулоқоти кории ҳайатҳои дуҷонибаи милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин

  Санаи 10 май дар доираи ташрифи ҳайати расмии намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин ба шаҳри Душанбе дар толори муассисаи давлатии «Душанбе-плазза» мулоқоти сатҳи баланди роҳбарон ва ҳайатҳои расмии дуҷонибаи Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин мулоқот ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чинро сардори Демартаменти мазкур ҷаноби Сун Тсзянюй ва ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон роҳбарӣ намуданд.


  Дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомотҳои ду кишвар, табодули таҷриба оиди мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилона, раванди террористиву экстримистидошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандони милитсия, дар Марказҳои таълимии политсияи шаҳри Нанкин ба семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудани кормандони милитсияи пойтахт ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


  Дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ таъкид карда шуд, ки аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмӣ ва кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кишварҳои ҳамдигар ташкил ва ба роҳ монда шуда, таҷрибаи пешқадам дар самти коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ба роҳ монда мешавад.

  Мавриди зикр аст, ки тибқи гуфтушунид ва Протоколи қаблан зимни сафари ҳайати расмии милитсияи шаҳри Душанбе ба шаҳри Нанкин баимзорасида масъалаи расонидани ёрии техникӣ аз ҷониби Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ба милитсияи шаҳри Душанбе баррасӣ гардида буд. Вобаста ба ин, дар доираи сафари ҳайати мазкур ба шаҳри Душанбе ёрии техникӣ дар ҳаҷми зиёд аз 2 млн сомонӣ аз ҷониби политсияи шаҳри Нанкин ба милитсияи шаҳри Душанбе оварда шуд, ки дар анҷоми мулоқот маросими имзои Санади дуҷониба оид ба қабул ва супоридани ёрии техникӣ байни сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ҷаноби Сун Тсзянюй ва сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin