Ҳабси 7 шабонарӯз барои дағалии ронандаи навбатӣ

Ҳабси 7 шабонарӯз барои дағалии ронандаи навбатӣ

  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати таъмини тартибот, осоиштаҳолии шаҳрвандон, бартарафнамудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамзамон ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои поймолгаштаи шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.
  Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз қобили ташвиш аст, ин аз ҷониби баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсӣ, таваққуфи нодуруст ё дар қатори дуюму сеюм манъ кардани автомашина мебошад, ки бар замми ба вуҷуд овардани тамбашавии сунъии автомашинаҳо ҳамзамон ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ халал ворид месозанд.
  Вобаста ба ин санаи 19-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт як қатор амалиётҳои санҷишӣ гузаронида шуд.


  Зимни баргузории як амалиёт, дар назди бозори «Султони Кабир» муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 1221 ОА 01, шаҳрванд Яҳёев Баҳодур Мавлонбердиевич, соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, автомашинаи худро нодуруст манъ карда ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ додааст. Номбурда ба эроди дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандаи тролейбуси мусофиркаши хатсайри №4 шаҳрванд Раҳимов Хушбахт, соли таваллудаш 1990 оид ба кушодани пеши роҳ беэътиноӣ зоҳир намуда, бар замми ин ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, ҳамзамон бо ӯ даст ба гиребон шудааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», шаҳрванд Яҳёев Баҳодур дар ҷои ҳодиса барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид.
  Суд дар навбати худ санаи 20-уми майи соли ҷорӣ нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», шаҳрванд Яҳёев Баҳодур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз татбиқ намуд.
  Вобаста ба ин милитсияи пойтахт бори дигар ба иттилои кулли шаҳрвандон, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки риояи ҳатмии қонун кафили осоиштаҳолии шаҳрвандон буда, дар ин замина мақомоти милитсия тамоми талошҳоро барои барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон равона мекунад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin