Таваққуфи нодуруст: Эҳтимолияти ба вуҷуд омадани садама ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт

Таваққуфи нодуруст: Эҳтимолияти ба вуҷуд омадани садама ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт

  Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад. 

  Мутаассифона, новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатору дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ, ки чунин истгоҳҳо маҳз барои нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ хизматрасонӣ мекунанд, таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.
  Дар натиҷаи баргузории якқатор рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти бо истилоҳ «таксӣ» ва шахсони воқеӣ, ки дар қатори дуюму сеюм ва истгоҳҳои ҷамъиятӣ дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати бемамонияти дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонанд, ба амал омадааст.
  Мавриди зикр аст, ки дар баъзе маврид нодуруст таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт ва дар чунин ҳолат ҳамлу нақли мусофирон боиси ба вуҷуд омадани садамаҳои нохӯши нақлиётӣ мегардад. 
  Сипас нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ доданд, парвандаҳои маъмурӣ бо дастрасии моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд. 
Ба монанди: (Якчанд ҳолатҳои дағали вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон)

Сандалов Фарҳод Раҳмонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота – Каролла», рақами қайди давлатияш 0085 SS 01;

Зиёбеков Рауф Музаффарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», рақамаи қайди давлатияш 9595 АА 04;

Ёдгоров Шералӣ Аҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатияш 2729 ТТ 05

Ҳамидов Шукрулло Рустамович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 4444 ВО 03

Камолзода Қадриддин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 4169 ВМ 01

Суфиев Сайднуриддин Мирзомуддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Саната», рақами қайди давлатияш 6194 ТТ05

Ҳакимов Наимҷон Мадаминович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 1744 ТТ 05

Наимов Исмоналӣ Ҳайдаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатияш 8628 DО 01

Салимзода Шокирҷони Назаралӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатияш 6020 ТТ05

Маҳмадназаров Исломиддин Ҳақназарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатияш 8986 ЕМ 01

Довудов Ҷамшед Камолович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатияш 3835 РР 01

Тошов Баҳодур – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатияш 2472 НН 01

Холов Аҳлиддин Саидмуддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Саманд», рақами қайди давлатияш 7940 ТТ 05

Остонаев Мансур Сунатович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 5073 ТТ 05

Асроров Асрор Мустафоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш В4566р 07

Алибобои Абдулло – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатияш 3073 ЕМ 01

  Бо таҳияи ин матлаб, мақомоти милитсияи шаҳри Душнабе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, то талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониба риоя намуда, бо гузоштани автомашинаҳои шахсиашон ва истгоҳҳо ва ҷойҳои номуқаррагардидаи манъшуда ба ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон халал ворид накунанд, то тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт бартараф гардида, шаҳрвандон сари вақт ба коргоҳу манзили худ бирасанд.

 Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin