Ронанда барои аз нақлиёти ҷамъиятӣ фаровардани пиразан ҷаримабандӣ гардид

Ронанда барои аз нақлиёти ҷамъиятӣ фаровардани пиразан ҷаримабандӣ гардид

  Гарчанде оиди як қатор ҳолатҳои рафтори ғайриоинномавӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона ва муносибати дағали ронандагони нақлиёти мусофиркаш бо мизоҷон гузоришҳо пешниҳод намуда, ҷиҳати пешгирии он чорабинӣ ва амалиётҳои профилактикӣ роҳандозӣ намуда бошем, ҳамоно ронандагоне ёфт мешаванд, ки зимни адои вазифаи ҷамъиятӣ ба дағалгуфторӣ роҳ дода, нисбати истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ беҳурматӣ зоҳир ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи онҳоро поймол месозанд.
  Ҳафтаи сипаришуда як қатор истифодабарандагони сомонаи иҷтимоии Фейсбук таҳти муроҷиати шаҳрванд Исмоилова Сайёра аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе талаб намуданд, ки нисбати кирдорҳои дағалонаи ронандаи мусофиркашони хатсайри №5, тамғаи Мерседес-Спринтер, аломати қайди давлатиаш 12 71 ТТ 05 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда зимни мусофиркашонӣ пиразанеро, ки гӯё ба суханҳои ронанда итоат накардааст, мавриди дашном қарор дода, аз идомаи кашондидани одамон худдорӣ ва призани солхурдаро маҷбуран аз дохили автомашина фароварда, сипас ба ҳаракат идома додааст.
  Зимни баррасии муроҷиати мазкур ронандаи автомашинаи болозикргардида шаҳрванд Сафаров Салоҳиддин Ҷурахонович соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуда, ҳангоми санҷиш муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур санаи 11 майи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 15 ба 16 дар назди бозори Корвони шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.
  Тибқи маводҳои санҷишӣ нахуст пиразани мусофире бо ду борхалтааш вориди автомашинаи мусофиркаш гардида, дар нишастгоҳи қисмати пеши автомашина менишинад. Дар ҳамин ҳол ронанда Сафаров Салоҳиддин аз пиразани мусофир хоҳиш мекунад, ки ба нишастгоҳи қисмати ақиб гузашта нишинад, аммо пиразан бинобар вазнин будани борхалтааш аз гузаштан ба қисмати ақиб худдорӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол байни ронанда ва мусофир баҳс ба миён омада, ронанда асабӣ гардида пиразани солхӯрдаро мавриди дашном қарор медиҳад. Сипас ронанда дар идомаи гуфтугузор автомашинаро хомӯш мекунад ва ба дигар мусофирон баён менамояд, ки то пиразани мусофир аз дохили автомашина хориҷ нашавад ба ҳаракат идома нахоҳад дод. Пиразан бошад аз муносибати дағали ронанда дар хиҷолат монда, аз автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятӣ мефарояд.
  Нисбати ҳолати мазкур ва иқрори ронандаи дастрасгардида Сафаров Салоҳиддин нисбати номбурда бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 440 сомонӣ таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin