Ошкорсозии қоидавайронкуниҳои дағали роҳ дар натиҷаи амалиёти муштарак

Ошкорсозии қоидавайронкуниҳои дағали роҳ дар натиҷаи амалиёти муштарак

  Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар якҷоягӣ бо дигар шуъбаву хадамотҳои оперативию тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад. Мутаассифона, новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ даст мезананд.
  Аз ҷумла, дар доираи иҷроиши Нақша-чорабиниҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ошкору муайян намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ санаи 24 ва 25-уми майи соли ҷорӣ аз соати 22 то 24-и шабона дар ҳудуди роҳи автомобилгарди хиёбони марказии пойтахт амалиёти махсус роҳандозӣ карда шуд. Дар давоми ин амалиёт аз ҷониби гуруҳҳои созмондодашудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 152-адад қоидавайронкуниҳои гуногуни ҳаракат дар роҳ ошкору муайян гардида, нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
  Аз ҷумла якчанд ҳолатҳои идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозатномаи сиёҳшиша;

Раҷабов Собир Валиҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 0005 0S 01

Саидов Ҳусейн Эмомалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-кемри», рақамаи қайди давлатиаш 4444 СО 01;

 

Муҳаммадиев Юнусҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 6252 АК 07

Комрон Рашидӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш С1920н 01

Расулов Муҳаммадамин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота – РАФ-4», рақами қайди давлатиаш 0808 СТ 01

Мирзоева Сафина Одиловна – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», рақами қайди давлатиаш 2688 ОD 01

Антон Василевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатиаш 8777 СО 01

Алиев Алишер Хайруллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес- Бенс», рақами қайди давлатиаш 1162 НН 01

Ҷурақулов Шокир Саидҷафарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 68804р 07

Хушвахтов Нуралӣ Муродович – ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2121», рақами қайди давлатиаш 8001 DО 08

   Талаботи қонунии корманди милитсияро бобати боздоштани воситаи нақлиёт иҷро накардани ронандагон;

Муродалӣ Эмомалишоҳ – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатиаш 002 LL 01

Манонов Азамат Маҳмудҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1999 ЕР 01

Давлатов Меҳроб Раҳмонқулович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 0061 ЕВ 01

Сангов Рамазон Валиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатиаш 5808 ТТ 05

Назарелиев Бахтовар Шералиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 6884 НА 01

  Риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт;

Назаров Маҳмадсаид Ҳикматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота- Кемри», рақами қайди давлатиаш 4244 ОD 01

Мирзо Фаридун Давронович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 6464 ВА 01

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin