Дуздии 20 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ноболиғ

Дуздии 20 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ноболиғ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи соҳибкор, марди 43-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт ворид гардидааст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи марти соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш воқеъ, дар бозори “Корвон-Сити” 20 000 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе дастгир гардида, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin