• Home »
  • Uncategorized »
  • Бо роҳи қаллобӣ гирифтани автомашинаҳои “Лексус”
Бо роҳи қаллобӣ гирифтани автомашинаҳои “Лексус”

Бо роҳи қаллобӣ гирифтани автомашинаҳои “Лексус”

  Ба ШВКД дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи марти соли 2019 марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус ЮС-350”-ро ба маблағи 130 000 сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 2-юми апрели соли 2019, марди 48-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 14 000 доллари ИМА ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус 570”-ро, ки арзишаш 35 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Дар натиҷа ба номбурда, ҷамъ ба маблағи 49 000 доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin