• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздиди меҳмонон аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва тақдими ёрии техникӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн сомонӣ
Боздиди меҳмонон аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва тақдими ёрии техникӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн сомонӣ

Боздиди меҳмонон аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва тақдими ёрии техникӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн сомонӣ

  Дар идомаи сафари расмии корӣ намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони милитсияи пойтахт шиносоӣ пайдо намуданд.
  Нахуст дар доираи боздид аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкин ҷаноби Сун Тсзянюй бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом дод. Номбурда зимни суҳбати худ иброз дошт, ки дар идомаи сиёсати стратегии сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин шаҳри Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин бо шаҳри Душанбе муносибатҳои дустонаи ҳамкориҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, имрӯзҳо робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкориҳои низомии дуҷониба тақвият ёфта истодааст. Номбруда ҳамчунин зикр намуд, ки дар ин замина дар доираи санадҳои баимзорасидаи байни вазоратҳои ду кишвар сафарҳои кориву мулоқотҳои дуҷониба ҳар сол ба роҳ монда мешавад, ки ин метавонад дар табодули таҷриба ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони милитсия мусоидат намояд. Бо истифода аз фурсат ҷаноби Сун Тсзянюй ҳайати милитсияи шаҳри Душанберо барои фаро гирифтан ба таҳсилу фароғат ба шаҳри Нанкин даъват намуд.


  Сипас ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкин ҷаноби Сун Тсзянюй ёрии техникӣ, ки иборат аз 1 адад автобус, 1 адад автомашинаи сабукрав (ҶИП) ва дигар воситаҳои техникӣ ва мухобиротӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн сомонӣ мебошад, ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе намоиш дода, дар маросими тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти политсияи шаҳри Нанкин ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе расман супорида шуд. Зимнан зикр гардид, ки ингуна ёрии техникӣ барои милитсияи шаҳри Душанбе дар оянда низ идома дода мешавад.

 


  Дар идомаи боздид, ҷонибҳо дар толори хурди Раёсат мулоқоти дуҷониба доир намуда, дар ҷараёни он ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, оиди дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯ намуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin