Ҳалокти пиёдагарди ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

Ҳалокти пиёдагарди ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

  Санаи 19-уми апрели соли 2019, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-RX 350”, рақами қайди давлатиаш 0011ХО01, Ахмедов Муҳаммадсолеҳ Қосимович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт, аз тарафи кӯчаи Карамов ба самти дидбонгоҳи ноҳияи Варзоб, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Хуҷамбиёи Поён, пиёдагарди ноболиғ, Гулов Анас Хуршедович, соли таваллудаш 2010, сокини кӯчаи зикргардидаро пахш намудааст. 

  Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст.

  Оид ба ҳодисаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin