Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби шахси қаблан судшуда
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми марти соли 2019, тахминан соати 20:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “ГАЗ-3102”-ро, ки дар назди хонааш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Ҷавҳарии пойтахт, марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 154 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.