Садамаи марговар дар маркази пойтахт

Садамаи марговар дар маркази пойтахт

  Шоми 23 марти соли ҷорӣ, тахминан соати 22.06 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус-450 рақами қайди давлатиаш 1555 КК 01 Кабиров Кабир Авазхонович соли таваллудаш 02.11.2000 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Раҷабалӣ, хонаи 32, донишҷуи соли якуми Факултаи муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат тавассути хиёбони Рудакӣ, аз тарафи кӯчаи Шоҳтемур ба самти кӯчаи Бухоро дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Вазорати алоқа бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, аввал ба деворчаи бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанини канори рости роҳбуда бархӯрдааст.  

  Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович соли таваллудаш 2000 ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида, худи ронанда Кабиров Кабир Авазхонович ва мусофири дигари автомашина Убайдуллоев Саидвалӣ Умаралиевич соли таваллудаш 2000 бо бардошти ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
  Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати ронанда Кабиров Кабир Авазхонович бо моддаи 212 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда шахсон гардидааст) парвандаи ҷиноятӣ таҳти рақами №4070 аз 24 марти соли ҷорӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin