• Home »
  • ХАБАР »
  • Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқири нозири роҳ
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқири нозири роҳ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқири нозири роҳ

  Дар шабакаҳои интернетӣ наворе нашр шудааст, ки дар он лаҳзаи баҳси тунд ва гиребонгирии як ронанда бо корманд БДА сабт шудааст. Дар навори нашршуда баръало дида мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи ба истилоҳ «Тангем» ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ҳамзамон дар назди дигар шаҳрвандон намояндагони ҳокимиятро, ки ҳангоми адои вазифаи хизматӣ қарор доштанд, таҳқир ва дашномҳои қабеҳ намудааст.
  Ин баҳси тунду гиребонгирии ронанда бо корманди БДА дар шабакаҳои интернетӣ баҳси гармеро ба миён овард. Вобаста ба ин милитисяи пойтахт ба таври расмӣ иттилоъ медиҳад, ки ронандаи автомашинаи дар навор инъикосгардидаи тамғаи «Хафей»(Тангем), рақами қайди давлатиаш 1956 ВЕ 03, шаҳрванд Наҷимов Сироҷиддин Маҳманемонович, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон мебошад.
  Номбурда санаи 19-уми феврали соли ҷорӣ тахминан соати 13:40 дақиқа, ҳангоми ҳаракат аз самти бағи ба номи С. Айнӣ ба самти майдони Сарҳадчиён қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт манъ карда шуда, ҳангоми талаб кардани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, илова бар ин онҳоро таҳқиру дашном ва шаъну шарафашонро дар назди дигар шаҳрвандон паст задаст.
  Барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисбати ронандаи автомашинаи мазкур, бо моддаи 333 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
  Илова бар ин, барои рафторҳои дағалона ва дашному таҳқири кормандони милитися шаҳрванд Наҷимов Сироҷиддин Маҳманемонович дастгир карда шуда, нисбаташ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи И. Сомонӣ санаи 27-уми феврали соли равон бо моддаи 330 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Таҳқири намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
  Дар робита ба ҳолати макзур милитсияи шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin